Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла, дар суханони худ бо изҳор доштани ин ки Амрико рамз ва намоди фашизм дар асри ҳозир аст, гуфт, ки Амрикои Лотин маркази мубориза бо фашизм ба шумор меравад.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла, гуфт: «Куба, Никарагуа, Венесуэла ва Амрикои Лотин маркази мубориза бо фашизм ҳастанд».
Ӯ афзуд: «Ҳеч кас дар Венесуэла таҳрим, ҷанг ва хушунатро намехоҳад. Мо хостори озодӣ ва демократия ҳастем».
Мадуро, ки рӯзи гузашта барои давраи саввуми пайиҳам ба унвони раисҷумҳури Венесуэла савганд ёд кард ва пас аз он бо таҳримҳои шадиди Амрико рӯбарӯ шуд, гуфт: «Амрико дар асри ҳозир рамзи фашизм аст».
Давлати Амрико рӯзи гузашта ҷоизаи 25-миллиондолларӣ барои дастгир кардани Николас Мадуро таъйин кард ва эълом намуд, ки ҳашт мақоми венесуэлиро, ки аз Мадуро ҳимоят кардаанд ва ба раёсати ҷумҳурии ӯ кӯмак расондаанд, таҳрим кардааст. https://tajikpress.com/2025/01/12/%d0%b2%d0%b5%d0%bd%d0%b5%d1%81%d1%83%d1%8d%d0%bb%d0%b0-%d0%bc%d0%b0%d0%b4%d1%83%d1%80%d0%be-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев