Ҷунбишҳои фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ бо содир кардани баёнияҳои ҷудогона интихоби раисҷумҳури ҷадиди Лубнонро табрик гуфтанд.
Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо содир кардани баёнияҳои мустақил интихоби Ҷузеф Авнро ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Лубнон табрик гуфтанд.
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: “Умедворем давраи ҷадиди раёсати ҷумҳури Авн дар Лубнон замони муваффақият дар роҳнамоии ин кишвар ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ бошад ва ҳадафҳои миллати Лубнонро дар заминаи озод кардани сарзаминашон аз ишғоли душмани саҳюнистӣ, ҳифзи якпорчагӣ, амният ва суботи ин кишвар таъмин кунад.”
Ин ҷунбиш ҳамчунин таъкид кард, ки ба сулҳи дохилӣ дар Лубнон, барқарории равобити беҳтар миёни мардумони Лубнон ва Фаластин, мухолифат бо тарҳҳои интихоби ватани ҷойгузин ва талош барои таъмини зиндагии шоиста барои оворагони фаластинӣ дар Лубнон тавассути эҷоди ҳуқуқи иҷтимоӣ ва инсонии онҳо то замони фароҳам шудани шароит барои бозгашт ба ватани худ дар Фаластин, содиқ мемонад.
Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ низ дар баёнияи худ эълон кард: “Мо интихоб шудани Ҷузеф Авнро ба раёсати ҷумҳури Лубнон ба ӯ ва мардуми Лубнон табрик мегӯем.”
Дар идомаи баёния омадааст: “Умедворем ин интихоб дарвозае ба сӯи давраи ҷадид аз субот ва шукуфоӣ бошад, ки боиси таҳкими ваҳдат ва соҳибихтиёрии Лубнон, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва рафъи осори таҷовузҳои ахири режими саҳюнистӣ ба Лубнон ва мардуми он гардад.” https://tajikpress.com/2025/01/11/%d0%bb%d1%83%d0%b1%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81-%d2%b7%d1%83%d0%b7%d0%b5%d1%84-%d0%b0%d0%b2%d0%bd%d1%80%d0%be-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев