Субҳи сешанбе, зилзилаи ба амиқии 6.8 риштер минтақаи худмухтори Тибети Чинро ларзонд ва сабаби фурӯ рехтани бисёре аз сохтмонҳо гардид.
Ба гузориши ТоҷикПресс, ин зилзила соати 9:05 субҳ ба вақти маҳаллӣ ва дар 10 километрии замин рух дод. Дар маркази зилзила ва минтақаҳои атроф, ларзиш ба шиддат эҳсос гардид ва шумораи зиёди хонаҳо тахриб шуданд.
То соати 10 субҳ, чандин пас-зилзила сабт шуда, бузургтарини онҳо 4.4 риштер буд. Бар асоси омор, дар 20 километрии маркази зилзила тахминан 6900 нафар зиндагӣ мекунанд ва ин минтақа 3 бахши идорӣ ва 27 деҳаро дар бар мегирад.
Бар асоси гузоришҳои шабакаи ларзанигории Чин, дар давоми панҷ соли охир, дар маҳалли 200 километрии маркази зилзила 29 зилзила бо бузургии беш аз 3 риштер сабт шудааст, ки шадидтарини онҳо ҳамин зилзилаи охирин аст. Ҳарчанд маркази ларзанигории Чин бузургии зилзиларо 6.8 риштер эълон кардааст, идораи геологияи Амрико бузургии онро 7.1 риштер сабт кардааст. https://tajikpress.com/2025/01/07/%d0%b7%d0%b8%d0%bb%d0%b7%d0%b8%d0%bb%d0%b0-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%87%d0%b8%d0%bd-53-%d0%ba%d1%83%d1%88%d1%82%d0%b0-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d2%b7%d0%be%d0%b9-%d0%b3%d1%83%d0%b7%d0%be%d1%88%d1%82/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев