Абу Убайда, сухангӯи гурдонҳои Қассом, дар вокуниш ба амалиёти зидди саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ эълом кард, ки ин амалиёт собит намуд, ки тавтиаҳои саҳюнистҳо маҳкум ба шикаст аст ва қаҳрамонони Каронаи Бохтарӣ дар маркази Тӯфони Ал-Ақсо қарор доранд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, Абу Убайда, сухангӯи гурдонҳои Қассом (шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос), дар вокуниш ба амалиёти зидди саҳюнистии дирӯз дар Каронаи Бохтарӣ эълом кард, ки қаҳрамонони шуҷоъи Каронаи Бохтарӣ бори дигар собит карданд, ки дар маркази набардҳои Тӯфони Ал-Ақсо қарор доранд.
Сухангӯи гурдонҳои Қассом афзуд, ки ин амалиёт собит намуд, ки тамоми тавтиаҳои ғосибони режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони онҳо барои шикастан ё маъюс кардани қаҳрамонони шуҷоъи Каронаи Бохтарӣ дар ҳимоят аз Ғазза маҳкум ба шикаст аст.
Абу Убайда идома дод, ки душман бояд бидонад, то вақте ки қатлу таҷовузоти худро дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ идома медиҳад, баҳои гарон хоҳад пардохт. Ӯ таъкид кард, ки душмани саҳюнистӣ бояд бидонад, то вақте ки миллати Фаластин амният надорад, онҳо низ лаззати амниятро нахоҳанд чашид.
Кумитаҳои муқовимат: Хунҳои рехташуда дар роҳи Қудс дарахти муқовиматро эҳё мекунад
Аз тарафи дигар, Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар вокуниш ба амалиёти зидди саҳюнистии дирӯз дар шимоли Каронаи Бохтарӣ бо судури баёнияе эълом карданд, ки хунҳои рехташуда дар роҳи Қудс дарахти муқовиматро эҳё ва онро таҳким мебахшад ва парчами муқовиматро баланд мебардорад. https://tajikpress.com/2025/01/07/%d0%ba%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%b8-%d0%b1%d0%be%d1%85%d1%82%d0%b0%d1%80%d3%a3-%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d0%bb-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be-%d1%83%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%b4%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев