Мақомоти оташнишонии Кореяи Ҷанубӣ эълон карданд, ки бар асари садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Муан, ба ҷуз 2 нафар, боқимонда 179 сарнишини ҳавопаймо ҷон бохтанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ки аз 181 сарнишини ҳавопаймои ин кишвар дар фурудгоҳи шаҳри Муан, 179 нафар ба ҳалокат расидаанд ва танҳо 2 нафар зинда мондаанд.
Ҳавопаймои ширкати “Ҷечу Эйр”-и Кореяи Ҷанубӣ, ки аз Бангкок, пойтахти Тайланд, парвоз карда буд, ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи Муан аз банди фурудгоҳ хест ва пас аз бархӯрд бо маҳдудияти фурудгоҳ оташ гирифт.
Дар ин ҳавопаймо 175 мусофир ва 6 хизматчии ҳавоӣ қарор доштанд.
Раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ пас аз ин фоҷиаи маргбор дастур дод, ки тамоми тадбирҳо ва кӯшишҳои зарурӣ барои амалиётҳои наҷот ва кӯмак ба садама дидагони фурудгоҳи Муан анҷом шаванд. https://tajikpress.com/2024/12/29/%d0%ba%d1%83%d1%88%d1%82%d0%b0-%d1%88%d1%83%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b8-179-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%81%d0%b0%d0%b4%d0%b0%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b5%d1%8f/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев