Вазири иттилоот ва фарҳанги Толибон бо ҳушдор ба артиши Покистон мегӯяд, ки ба доштани чанд мушак ифтихор накунед; агар афғонҳо ба вокуниш маҷбур шаванд, Покистон пушаймон хоҳад шуд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Хайрулло Хайрхоҳ, вазири иттилоот ва фарҳанги Толибон, дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳавои Покистон ба хоки Афғонистон изҳор дошт, ки Покистон тавассути гуруҳи кӯчак ба гаравгон гирифта шудааст.
Вай таъкид кард, ки сабри мардуми Афғонистонро бояд нодуруст тафсир накунед ва афзуд: “Афғонҳо барои шикаст додани империяҳо ба нерӯи ҳавоӣ ва мушак ниёз надоштанд. Аз таърих дарс бигиред.”
Хайрхоҳ бо ҳушдор ба артиши Покистон гуфт: “Ба доштани чанд мушак ифтихор накунед; афғонҳо агар ба вокуниш маҷбур шаванд, Покистон пушаймон хоҳад шуд.”
Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии ахири нерӯҳои покистонӣ ба вилояти Пактика, 46 нафар, аз ҷумла 20 кӯдак, кушта шуданд.
Таниш миёни Афғонистон ва Покистон пас аз қудрат гирифтани Толибон дар ин кишвар шиддат гирифтааст ва борҳо Исломобод гуфтааст, ки Кобул тадбире дар бораи фаъолиятҳои Таҳрики Толибон дар хоки худ намегирад. https://tajikpress.com/2024/12/28/%d1%82%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b1%d0%be%d0%bd-%d0%b2%d0%be%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%bc%d0%be-%d0%bf%d0%be%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%80%d0%be-%d0%bf%d1%83%d1%88%d0%b0%d0%b9/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев