Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман аз амалиёти муваффақ алайҳи фурудгоҳи Бен Гурион, ки ба режими саҳюнистӣ тааллуқ дорад, бо истифода аз мушаки боллистикии ултрасоники "Фаластини 2" хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, Яҳё Сариъ дар баёнияе эълон кард: «Мо амалиёти вижаеро бо истифода аз мушаки боллистикии ултрасоники “Фаластини 2” алайҳи фурудгоҳи Бен Гурион анҷом додем.»
Ӯ афзуд: «Ин мушак, бо вуҷуди сензураи душмани саҳюнистӣ, ба ҳадафаш расидааст, ки дар натиҷа чанд нафар маҷруҳ ва парвозҳои фурудгоҳ қатъ шудаанд.»
Яҳё Сариъ ҳамчунин эълон кард: «Ягонаи ҳавопаймоии бесарнишини Яман низ як ҳадафи ҳаётан муҳимро дар минтақаи ишғолшудаи Яфо бо истифода аз дронҳо ҳадаф қарор дод, ва ин амалиёт низ муваффақона анҷом ёфт.»
Ӯ изофа кард: «Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти низомӣ, киштии “Santa Ursula” дар баҳри Араб, шарқи ҷазираи Сақтари, бо истифода аз чанд паҳпод ба таври мустақим ҳадаф қарор гирифт. Ин ҳамла бинобар нодида гирифтани мамнуияти вуруд ба бандарҳои Фаластини ишғолшуда аз ҷониби ширкати соҳиби ин киштӣ анҷом дода шуд.» https://tajikpress.com/2024/12/27/%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d1%8f%d2%b3%d1%91-%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%b8%d1%8a-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев