Русия дар идомаи пешравиҳои босуръати ҳафтаҳои охири худ муваффақ шуд, ки бар як деҳаи дигар дар шарқи Украина мусаллат шавад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, нерӯҳои русӣ назорати деҳаи Шевченкои Украинаро ба даст гирифтанд. Москва дар ҳафтаҳои охир тавонистааст бар бисёре аз деҳаҳо ва шаҳракҳои минтақаи Донетск мусаллат шавад.
Рӯзи гузашта низ расонаҳои русӣ аз тасаллути ин кишвар бар ду минтақаи маскунии Вили-Гай ва Пушкино хабар дода буданд.
Артиши Русия ҳамчунин дирӯз эълом кард, ки як анбори муҳиммоти украинӣ ва як истгоҳи ҷанги электроникиро нобуд карда ва чаҳор партобгари системаи зиддиҳавоии Патриоти сохти Амрико, як фурудгоҳи низомӣ ва чандин мавзеи дигари артиши Украинаро ҳадаф қарор додааст. https://tajikpress.com/2024/12/16/%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d1%88%d1%80%d0%b0%d0%b2%d0%b8%d0%b8-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%88%d0%b0%d1%80%d2%9b%d0%b8-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев