Як маркази давлатии Фаластин аз афзоиши теъдоди хабарнигорони шаҳид дар ҷараёни ҷанги режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғазза хабар дод.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, дафтари расонаии давлати Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард: теъдоди хабарнигорони шаҳид дар ҷараёни ҷанги ва наслкушӣ алайҳи мардуми мазлуми Навори Ғазза ба 195 нафар афзоиш ёфт.
Бар асоси ин гузориш, ин омор пас аз эъломи шаҳодати Муҳаммад Ҷабр Ал-Қаринавӣ, хабарнигор ва дабири хабарӣ дар хабаргузории “Санад” ба сабт расид.
Дафтари расонаи давлатии Фаластин дар баёнияе таъкид кард: Мо бо шадидтарин иборот, террор ва ҳадаф қарор додани хабарнигорони фаластинӣ тавассути режими ишғолгари саҳюнистиро маҳкум мекунем ва аз тамоми кишварҳои ҷаҳон мехоҳем, ки ин ҷиноёти барномарезишуда алайҳи хабарнигорон ва расонаҳои Фаластиниро маҳкум кунанд. https://tajikpress.com/2024/12/15/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b0%d0%bd%d0%b3%d0%bb%d0%b8%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев