Намояндаи Чин барои Афғонистон изҳор дошт бо раиси бахши мутолиоти стратегии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфтугӯи созандае дар бораи масоили минтақа ба вижа Афғонистон доштааст.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Юшияу Юнг” намояндаи вижаи Чин барои Афғонистон дар пусте дар шабакаи “Х” аз гуфтугӯи мусбат ва созанда бо “Шараф Раҳимӣ” дипломати тоҷикистонӣ, хабар дод.
Ин дидор ба манзури баррасии роҳҳои ҳамкорӣ барои кумак ба бозсозии Афғонистон баргузор шудааст. Юшияу Юнг дар ин пуст навишт: «Мо имрӯз як гуфтугӯи бисёр хуб ба хотири ҳамкорӣ бо якдигар барои кумак ба бозсозии Афғонистон доштем.»
Чин ва Тоҷикистон, монанди бисёре аз кишварҳои дигар, токунун Толибонро ба расмият нашинохтаанд. Бо ин ҳол, Чин равобити дипломатик ва иқтисодии густурдае бо Толибон барқарор кардааст.
Аз сӯи дигар низ Тоҷикистон, ки мизбони шуморе аз аъзои ҷабҳаи муқовимати Панҷшер аст, пештар аз эҷоди равобити дипломатик бо Толибон худдорӣ карда ва борҳо интиқодоти худро нисбат ба сиёсатҳои ин гурӯҳ иброз кардааст. https://tajikpress.com/2024/12/15/%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b0%d1%84%d2%93%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%87%d0%b8%d0%bd-2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев