Мудири иҷроии ЮНИСЕФ бо ишора ба куштори кӯдакон дар Ғазза гуфт: Ҷаҳон наметавонд дар баробари ин иттифоқи ваҳшатнок бетафовут бимонад.
Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Катерина Рассел, мудири иҷроии сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) тайи баёнияе дар бораи таҳаввулот дар Ғазза бо ёдовариии ин ки дар ҳамлаи рӯзи гузашта ба урдугоҳи Ал-Насирот дар маркази Навори Ғазза 33 нафар аз ҷумла ҳадди ақал 8 кӯдак ба шаҳодат расида ва 50 нафар дар ҳамалоти ҳавоӣ захмӣ шуданд, гуфт: ин ҳодисаи хушунатомези ахир теъдоди кӯдакони кушта шуда дар Ғаззаро дар моҳи гузашта ба беш аз 160 нафар расондааст.
Вай таъкид кард: вақте ин ҳама кӯдак дар Ғазза рӯзона дар маърази хунрезӣ, гуруснагӣ, беморӣ ва сармо ҳастанд, ҷаҳон наметавонад бетафовут бимонад. Кӯдакон омили эҷоди вазъияти Ғазза набуданд ва ҳеҷ қудрате барои ҷилавгирӣ аз он надоштанд ва сангинтарин ҳазинаро бо ҷон ва ояндаи худ пардохтанд.
Катерина Рассел бо ишора ба ин ки дар 14 моҳи гузашта беш аз 14500 кӯдак дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд, изҳор дошт, ки тақрибан тамоми 1.1 миллион кӯдак ниёзманди ҳимояти фаврӣ ва ҳимоят аз саломати равонӣ ҳастанд.
Ӯ бо ишора ба ин ки бемориҳои қобили пешгирӣ ба суръат дар ҳоли густариш ҳастанд, хотирнишон кард: ҳазорон кӯдак аз маризиҳои пӯстӣ ва уфунатҳои бисёр ваҳшатнок ва ҳаминтавр бемориҳои танаффусӣ ранҷ мебаранд. https://tajikpress.com/2024/12/15/%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d0%b5%d1%84-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b0%d0%bb/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев