Намояндаи Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, ки Исроил аз шароити дохилии Сурия сӯиистифода мекунад ва мо аз Шӯрои Амният ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хоҳиш мекунем, ки монеи ин режим шаванд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Қусай Заҳҳок, намояндаи Сурия дар СММ гуфт: Бар асоси дархости ҳукумати кунунӣ, Сурия аз Шӯрои Амният ва Дабири кулли Созмони Милал хостааст, таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи ин кишварро мутаваққиф кунанд.
Вай афзуд: Шӯрои Амният ва Созмони Милали Муттаҳид набояд иҷоза надиҳанд, ки режими саҳюнистӣ аз тағйири қудрат дар Сурия сӯистифода кунад.
Заҳҳок гуфт, намояндагии доимии Сурия дар Созмони Милал рисолати худро дар чаҳорчӯби ниҳодҳои давлатии ин кишвар идома медиҳад.
Намояндаи Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт: Мо манфиатҳои мардуми Сурияро дунбол мекунем ва кори худро идома медиҳем. Мо бо сарвазир ва вазири корхои хоричии ҳозира хамкорӣ дорем ва мунтазири ташкили хукумати нав хастем.
Дар сояи суқути ҳукумати Сурия ба дасти мухолифони мусаллаҳ ва фурӯпошии бунёди артиш ва низоми дифоъ дар Сурия, режими Исроил то кунун даҳҳо ситод, маркази илмӣ, пойгоҳ ва фурудгоҳ, системаҳои мудофиавӣ ва радарҳо дар ин мамлакатро ҳадаф қарор додааст. https://tajikpress.com/2024/12/10/%d0%b4%d0%b8%d0%bc%d0%b8%d1%88%d2%9b-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d0%b0%d0%b7-%d0%b2%d0%b0%d0%b7%d1%8a%d0%b8%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d0%b4%d0%be%d1%85%d0%b8%d0%bb%d0%b8%d0%b8-%d1%81%d1%83%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев