Арабистони Саудӣ хостори ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз миллати Сурия ва ҳамкорӣ барои таҳаққуқи аҳдофаш ва парҳез аз дахолат дар умури дохилии ин кишвар шуд.
Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ бо интишори баёнияе таъкид кард: Риёз бо расади таҳаввулоти сареъ дар Сурия, аз иқдомоти мусбате, ки барои таъмини амнияти миллати Сурия, ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва ҳифзи ниҳодҳои давлатӣ ва имконоти ин кишвар анҷом мегирад, ҳимоят мекунад.
Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ ҳамчунин эълом кард, ки ин кишвар бо ҳимоят аз миллати Сурия ва интихобҳояш дар ин марҳалаи таъйин кунанда аз таърихи ин кишвар, бар зарурати ҳифзи масоил барои ҳифзи якпорчагии хоки Сурия ва ҳамбстагии миллати он кишвар барои ҷилавгирӣ аз афтодан ба доми ҳарҷу марҷ ва чанд дастагӣ таъкид дорад.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки Риёз ҳимоияти худро аз ҳар иқдоме, ки ба таҳаққуқи амният ва сабот дар Сурия ва ҳифзи ҳокимият, истиқлол ва якпорчагии ин кишвар биянҷомад эълом мекунад.
Арабистони Саудӣ дар идома аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст ба Сурия барои убур аз ин марҳалаи бисёр ҳассос барои пушти саргузоштани паёмадҳои ҷанги тӯлонии ахир кумак кунад.
Вазорати умури хориҷаи Арабистон дар поён хотирнишон кард: Замони он фарорасида аст, ки миллати Сурия, аз зиндагии шарофатманде, ки истеҳқоқи онро доранд бархурдор бошанд ва ҳамаи гурӯҳҳои ҳувиятии ин кишвар дар тарсими ояндаи дурахшоне бархурдор аз амният, сабот ва рифоҳ мушорикат кунанд ва ин кишвар ба ҷойгоҳи табияш дар дунёи Араб ва ҷаҳони Ислом бозгардад. https://tajikpress.com/2024/12/09/%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%83%d0%b4%d3%a3-%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев