Ба гуфтаи мутахассис, агар ин масъалаи муҳоҷират ҳал нашавад, "хатари ба огуши Ғарб тела додани Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки гӯё ба шаҳрвандони тоҷик кор пешниҳод мекунад".
Ба гузориши манбаъ:
Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли ҳозир талош доранд бо истифода аз масъалаи муҳоҷират равобити наздики Тоҷикистону Русияро халалдор созанд, муҳим аст, ки ба гуфтащои онщо дода нашуд.
Дар ин бора доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯра Латифов, ки солҳои 90-уми қарни гузашта раҳбари раёсати хориҷии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ буд, ба ТАСС иброз дошт.
Вай гуфт:
“Ҳоло мо бояд сиёсати нозукро пеш гирем ва ба фиреб дода нашавем. Ба далели он ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик ҳоло [аз Русия] ихроҷ мешаванд, давлатҳои ғарбӣ талош доранд намоиш диҳанд, ки розиянд муҳоҷирони моро қабул кунанд. Аммо ман фикр мекунам, ки ин танҳо як намоиш аст”.
Ба ҳамин тариқ, Латифов қайд кард, ки масалан, Ингилистон, Лаҳистон ва Ҳолланд барои қабули чандин ҳазор нафар коргарони ҷумҳурӣ омода будани худро изҳор кардаанд, вале “даъват оммавӣ нест ва нахохад шуд”.
Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. https://tajikpress.com/2024/12/08/%d1%82%d0%b0%d1%85%d1%80%d0%b8%d0%b1%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d0%b2%d0%be%d0%b1%d0%b8%d1%82%d0%b8-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%b2%d0%b0-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев