Ба гузориши хабаргузории "Спутник", Элон Маск, миллиардери машҳури Амрико бо иттихози мавзеъи мушобеҳи Доналд Трамп раисҷумҳури ин кишвар, бидуни ишораи мустақим ба таҳаввулоти Сурия гуфт, ки Амрико бояд аз ҷангҳои хориҷӣ дур бимонад.
Элон Маск, ки молики шабакаи иҷтимоии “X” низ маҳсуб мешавад, дар ҳисоби корбарии худ дар ин шабака навишт: ба таври куллӣ, мо бояд аз ҷангҳои хориҷӣ дур бимонем магар он ки сулҳи ҷаҳонӣ дар хатар бошад.
Пештар Доналд Трамп гуфта буд, ки Вашингтон набояд дар танишҳои ҷории Сурия мудохила кунад. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии “X” навишта буд, ки «(Сурия) ҳеҷ иртиботе бо Амрико надорад. Ин набард, набарди мо нест. Бигузоред худ ба худ ба поён бирасад. Мудохила накунед!»
Гурӯҳи террористии «Таҳрир-уш-шом» аз 29 ноябр ҳамлаи густурдаро алайҳи давлати Сурия оғоз ва аз шимоли устони Идлиб ба самти шаҳрҳои Ҳалаб ва Ҳамо пешравӣ кард. Як рӯз баъд, Ҳалаб, дувумин шаҳри бузурги Сурия барои нахустин бор аз оғози даргириҳо дар соли 2011, ба тасарруфи гурӯҳҳои террористӣ даромад.
Соати пеш шабакаи Алҷазира эълом кард, ки гурӯҳи террористии «Таҳрир-уш-шом» тамоми зиндониҳои зиндони «Сайдная» бузургтарин зиндон дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурияро озод кард.
Ҳамчунин як манбаъи низомии сурӣ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки фармондеҳи артиши Сурия, «суқути давлати башшор асад»-ро ба афсарон ва фармондаҳони артиш иблоғ кардааст.
Ҳамзамон расонаҳои арабӣ бо интишори гузоришҳое, иддаоҳои дар мавриди хурӯҷи Башор Асад аз Сурия ва низ вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ба Димишқ пойтахти ин кишвар матраҳ карданд.
Шабакаи Ал-Маёдин низ ба нақл аз Рейтер гузориш дод, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ бидуни вуҷуди ҳеҷ нишонае аз артиши Сурия вориди Димишқ шуданд.
Рейтер ба нақл аз масъулони барҷаста дар Сурия муддаӣ шуд, ки Башор Асад раисҷумҳури ин кишвар Димишқро ба мақсади номаълуме тарк кардааст. https://tajikpress.com/2024/12/08/%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%8d%d0%bb%d0%be%d0%bd-%d0%bc%d0%b0%d1%81%d0%ba/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев