4 декабр Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср ва ҳамраиси Комиссияи муштараки иқтисодӣ хонум Рания Ал-Машат мулоқот намуд.
4 декабр Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср ва ҳамраиси Комиссияи муштараки иқтисодӣ хонум Рания Ал-Машат мулоқот намуд.
Тавре «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим рушд додани истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Аз ҳайати мисрӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват гардид.
Пештар дар хабарҳо омада буд:
14 июл Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ супорид.
Парвиз Мирзозода салому паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ расонд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири навтаъйини корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва умури мисриёни хориҷ аз кишвар Бадр Абдулъотӣ мулоқот намуд. https://tajikpress.com/2024/12/06/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d0%bc%d0%b8%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев