Нисбати ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Бар асоси гузориши ВКД, нисбати ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин ҷавон 30-юми июли соли 2024 аз комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбӣ гузашта, қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шудааст. Вале баъди гирифтани даъватнома «бе ягон сабаби узрнок ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудааст».
Ба иттилои ВКД, бар зидди ин ҷавон мувофиқи қисми 1, моддаи 343 Кодекси ҷиноятӣ (Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва тафтишот идома дорад.
Мувофиқи ин банди Кодекси ҷиноятӣ ҷавонро аз 36 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон таҳдид мекунад. https://tajikpress.com/2024/12/05/%d0%bf%d0%b0%d1%80%d0%b2%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b0%d0%b8-%d2%b7%d0%b8%d0%bd%d0%be%d1%8f%d1%82%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%ba%d0%b0%d1%88%d3%a3-%d0%b0%d0%b7-%d1%85%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев