Дар муддати як ҳафтаи гузашта дар шимоли Сурия таҳаввулоте рух дода ва бесуботӣ дар ин кишвар пас аз чанд сол ба авҷи худ расидааст, ки Туркия дар он нақшофарин будааст.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, тайи як ҳафтаи гузашта вазъият дар шимоли Сурия комилан дигаргун ва аз саботи чандсолаи худ хориҷ шуд. Дар ҳамлаи ногаҳонӣ ва васеъи террористҳои мусаллаҳи Таҳрир-уш-шом ва неруҳои мавсум ба артиши озодии Сурия, ки таҳти контроли Туркия ҳастанд, шаҳри стратегии Ҳалаб муҷаддадан ишғол шуд.
Дар бораи замон ва навъи амалиёт ва неруҳои ширкаткунанда гумонаҳо ва таҳлилҳои бисёре мунташир шудааст, ки; “ба нафъи кадом кишварҳост ва кадом кишварҳо дар паси он қарор доранд”. Амрико, режими саҳюнистӣ ва Туркия аз ҷумла тарафҳое ҳастанд, ки аз ин вазъият суд мебаранд ва ҳар як бино бар манофее, ки доранд ба он нигоҳ мекунанд.
Шакке нест, ки бахши бузурге аз ин амалиёт бо кумак ва ё ҳадди ақал огоҳии давлати Туркия анҷом гирифта аст ва дар ин хусус нишонаҳои бисёре вуҷуд дорад.
Туркия манофеи бисёре дар вазъияти кунунӣ дорад, ки аз ҷумлаи онҳо иддаои таърихӣ бар Ҳалаб буда аст ва бо ишғоли он тавассути террористҳои мусаллаҳ, ин нуфуз муҳаққақ хоҳад шуд. https://tajikpress.com/2024/12/04/%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f-%d1%82%d1%83%d1%80%d0%ba%d0%b8%d1%8f-%d2%b3%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d0%b1/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев