Шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ дар роҳ Қудс ва ҳимоят аз Ғазза, боризтарин баҳое аст, ки Ҳизбуллоҳ барои тааҳҳуд ба ормон, миллат ва муқовимати Фаластин пардохт кард.
Шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ дар роҳ Қудс ва ҳимоят аз Ғазза, шояд боризтарин баҳое бошад, ки Ҳизбуллоҳ барои тааҳҳуд ба ормон, миллат ва муқовимати Фаластин пардохт кард ва ҳамонтавр, ки худи фаластиниҳо мегӯяанд, Ҳизбуллоҳ чизе барои онҳо кам нагузошт; дар ҳоле, ки арабҳо фақат тамошо карданд.
Баъд аз барқарории оташбас миёни Лубнон ва режими саҳюнистӣ дар сапедадами чаҳоршанбеи ҳафта гузашта, саволҳое дар бархе расонаҳо дар бораи иллати пазириши оташбас тавассути Ҳизбуллоҳ нашр шуд ва тибқи маъмул, расонаҳои муониди муқовимат қасди фитнаафрӯзӣ доштанд.
Саволи аслие, ки ин расонаҳо ба вижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ карданд, ин буд, ки чаро Ҳизбуллоҳ оташбас бо Исроилро пазируфт; дар ҳоле, ки ҷанги Ғазза ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Ҳизбуллоҳ дар оинаи Тӯфони Ақсо
Барои посух ба ин савол ва исботи инки муқовимати Лубнон то интиҳо канори мардум ва муқовимати Фаластин истода ва хоҳад истод, бояд нигоҳе ба сайри таҳаввулот аз замони оғози набарди Тӯфони Ақсо дар 7-и октябри 2023 дошта бошем.
Дар таърихи 8 октябри 2023 яъне як рӯз баъд аз оғози амалиёти Тӯфони Ақсо тавассути муқовимати Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон аз тариқи шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли шаҳиди худ эълон кард, ки муқовимати Лубнон барои ҳимоят аз Ғазза вориди набарди Тӯфони Ақсо зидди душмани саҳюнистӣ мешавад ва ҳаргиз иҷозаи ҷудо кардани ҷабҳаҳои муқовиматро ба ишғолгарон нахоҳад дод. Ҷабҳаҳои муқовимат дар Ироқ ва ҳамчунин Яман ҳам ба фосилаи каме баъд аз Ҳизбуллоҳ ба Тӯфони Ақсо пайвастанд ва барои ҳимоят аз мардум ва муқовимати Фаластин дар Ғазза эълони омодагӣ карданд.
Шайх Наим Қосим, дабири кулли феълии Ҳизбуллоҳ ҳам дар ҳамаи суханрониҳои ахири худ бар инсиҷом ва иртиботи маҳками ҳамаи гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа бо якдигар ва ҳимоят аз Ғазза таъкид кардааст. https://tajikpress.com/2024/12/03/%d2%b3%d0%b8%d0%b7%d0%b1%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%be%d0%b8%d0%bd%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев