Ахиран мақомоти пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Шерози Эрон барои густариши бахши гардишгарӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, созишномаи муштараки ҳамкорӣ дар заминаи табодули гардишгарии Душанбе ва шаҳри Шерози Эрон бо ҳузури мақомоти ду кишвар дар Шероз ба имзо расид.
Созишномаи мазкур, дар ҳузури Муҳаммад Собит, мудирикули мероси Фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии вилояти Форс, масъулони шаҳрдории Шероз, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва бахшҳои хусусии фаъол дар соҳаи гардишгарии ду кишвар имзо шуд.
Мудирикули мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Форс гуфт, Эрону Тоҷикистон аз пешинаи тамаддуни яксоне бархурдоранд ва Эроншаҳр ё Эронзамин дар гузашта, пойтахти тамаддунии 33 миллати имрӯза буда, ки осори он дар Кохи Тахти Ҷамшед ба тасвир кашида шудааст.
Муҳаммад Собит изҳор кард, пешинаҳои муштараки фарҳангӣ ва забони муштараки ду кишвар, боис шуда гардишгарону фаъолони гардишгарии тоҷик, имрӯз дар Шероз эҳсоси ғурбат надошта бошанд ва ҳамватанони мо, ки ба таърих ва тамаддуни худ ишқ меварзанд низ битавонанд ба кишвари дӯст ва бародар Тоҷикистон сафар кунанд ва бо ҷуғрофиё ва ҷозибаҳои он ошно шаванд. https://tajikpress.com/2024/12/02/%d1%84%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d0%b2%d0%bd%d0%b0%d2%9b%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bc%d0%b0%d1%81%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d0%b4%d1%83/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев