Ван Й, вазири умури хориҷаи Чин дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Чин ва Тоҷикистон бояд якҷоя бо терроризм мубориза баранд.
Ба нақл аз Спутник, Ван Й, вазири умури хориҷаи Чин дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Чин ва Тоҷикистон бояд якҷоя бо терроризм мубориза баранд, аз паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ пешгирӣ кунанд ва барои бунёди садди қавии амнияти минтақавӣ талош кунанд.
“Чин Тоҷикистонро дар интихоби роҳи рушд, ки ба шароити миллии худ мувофиқ аст, дастгирӣ мекунад ва ба дахолати ҳар гуна қувваҳои беруна ба корҳои дохилии Тоҷикистон мухолиф аст”, – гуфтааст Ван И, ки суханони ӯро вебсайти Вазорати корҳои хориҷии Чин овардаас.
Вай гуфт, ки Чин ва Тоҷикистон бояд тиҷорати мутақобиларо густариш диҳанд, “Чин омода аст аз Тоҷикистон бештар маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ ворид кунад”.
Ван И ҳамчунин аз омодагии Чин барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар заминаи зербиноӣ ва иртибототи асосӣ, маориф, гардишгарӣ ва бахшҳои башардӯстона хабар дод.
“Бо “се неруи шарир” (терроризм, ифротгароӣ, сепаратизм) якҷоя мубориза бурдан, аз паҳншавии ҳаракатҳои идеологии ифротгаро пешгирӣ кардан ва барои эҷоди садди қавӣ дар роҳи амнияти минтақа якҷоя кор кардан лозим аст”,- ишора кардааст сиёсатмадори чинӣ https://tajikpress.com/2024/12/02/%d1%82%d0%b0%d1%8a%d0%ba%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d1%87%d0%b8%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d0%bc%d1%83%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b7%d0%b0%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев