Сухангӯи ҳукумати Толибон хабарҳоро такзиб карда мушаххас кард, ки дар бораи ҳамла ба Ҳалаб ҳеҷ паёми табрикӣ ирсол накардааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ахбори нақл шуда аз қавли вай дар бораи табрики ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ба шаҳри ҳалабро такзиб кард.
Пештар бархе расонаҳо ва каналҳои телеграмӣ ба нақл аз Муҷоҳид, паёмеро дар бораи табрику шодбош бахотири иттифоқоти шаҳри Ҳалаб, нашр карда буданд.
Пештар бархе расонаҳо муддаӣ шуда буданд, ки ба дунболи пешравии гурӯҳакҳои террористӣ дар бархе минтақаҳои Сурия, сухангӯи ҳукумати Толибон паёми табрике барои онҳо ирсол кардааст. https://tajikpress.com/2024/12/01/%d1%82%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b1%d0%be%d0%bd-%d1%8f%d0%b3%d0%be%d0%bd-%d0%bf%d0%b0%d1%91%d0%bc%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d0%b1%d1%80%d0%b8%d0%ba%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%b8-%d2%b3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев