+ акс
Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ яке аз аъзои барҷастаи гуруҳҳои террористӣ дар Сурия аст, ки ба унвони раҳбари гуруҳи террористии "Таҳрир-уш-шом" (HTS) шинохта мешавад.
Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ раҳбари гуруҳи террористии “Таҳрир-уш-шом” (HTS) дар Сурия аст, ки номи аслии ӯ Аҳмад Ҳусайн Аш-Шаръ аст.
Зиндагӣ ва пешинаи Ал-Ҷулонӣ
Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ дар даҳаи 1980 дар Сурия мутаваллид шуд. Ӯ дар ҷавонӣ ба гуруҳҳои террористӣ пайваст ва дар Ироқ дар канори Ал-Қоида ва дигар гуруҳҳо фаолият дошт.
Пеш аз шаклгирии Ҷабҳатун-нусра (шохаи сурии Ал-Қоида), Ал-Ҷулонӣ дар ҷангҳо алайҳи неруҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико ҳузур дошт. Ӯ ҳамчунин аз наздик бо Абумасъаб Ал-Зарқовӣ (раҳбари Ал-Қоида дар Ироқ) иртибот дошт.
Ахбори зидду нақиз дар хусуси ҳалокати Ал-Ҷулонӣ
Бархе аз расонаҳои меҳвари муқовимат гузориш доданд, ки хабарҳое аз ҳамлаи ҷангандаҳои артиши Русия ва Сурия ба маҳали истиқрори «Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ» фармондеҳи гуруҳи террористии Ҷабҳатун-нусра ки имрӯза ба “Таҳрир-уш-шом” шинохта мешавад ба гӯш мерасад. https://tajikpress.com/2024/12/01/%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f-%d0%b0%d0%bb-%d2%b7%d1%83%d0%bb%d0%be%d0%bd%d3%a3-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%b8%d1%80-%d1%83%d1%88-%d1%88%d0%be%d0%bc-%d0%b8%d1%80%d0%be%d2%9b/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев