Барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ БМТ мегӯяд, воситаю имконият ва захираҳои заруриро дорад.
Ба гузориши манбаъ:
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор дар рӯзҳои охирро шарҳ дод.
Ин ниҳод ба аҳолӣ гуфтааст, ки вазъият дар бозори дохилии асъори кишвар рӯзҳои охир бо назардошти таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, арзёбӣ мегардад.
Тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар ин давра зери таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ, аз ҷумла устувор шудани доллари ИМА нисбат ба асъори давлатҳои рӯ ба инкишоф, якбора коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллар, бинобар авҷ гирифтани муноқишаҳои геосиёсӣ ва иқтисодӣ дар рӯзҳои охир ва дигар омилҳо қарор дорад.
Дар натиҷа чунин омилҳо сабаби ба вуҷуд омадани номуайяниҳо дар бозорҳои асъории минтақа гардидаанд, гуфтааст манбаъ.
БМТ таъкид кардааст, ки “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат” давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфта татбиқ мегардад. https://tajikpress.com/2024/12/01/%d1%88%d0%b0%d1%80%d2%b3%d0%b8-%d0%b1%d0%bc%d1%82-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d1%8f%d0%ba%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%b0-%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd-%d1%88%d1%83%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d0%b4%d0%be%d0%bb%d0%bb/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев