Тоҷикистон дар садр аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ ва беҳтарин макони сайёҳӣ аз назари қабули сайёҳони хориҷӣ қарор гирифт.
Бинобар иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, Тоҷикистон дар садр аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ ва беҳтарин макони сайёҳӣ аз назари қабули сайёҳони хориҷӣ қарор гирифт.
Бо ибтикори Бонки Осиёии Рушд, ахиран дар шаҳри Бангкоки Тайланд семинари кӯтоҳмуддати омӯзишӣ доир гардид, ки 41 нафар мутахассисону коршиносони соҳаи сайёҳиро аз 30 кишвари Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором ба муддати се рӯз ба ҳам овард.
Зимни гузоришҳои таҳлилӣ ва нишондиҳандаҳои оморӣ эълон шуд, ки дар давраи нимсолаи якуми соли 2024 дар самти “Бозорҳои беҳтарини сайёҳӣ аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ” Тоҷикистон бо афзоиши назарраси сайёҳии содиротӣ (+420 фоиз) дар садри ҷадвали Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ қарор гирифтааст.
Баъд аз Тоҷикистон кишварҳои Сербия, Непал, Латвия, Ирландия, Туркия ва Украина дар мақоми ду, се, чор ва панҷум қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар радабандии дигари Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ дар бахши “Беҳтарин макони сайёҳӣ аз ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ” аз моҳҳои январ то июли соли 2024, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба кишвар (+75%) баъд аз Албания ва Сербия сазовори ҷой 3-юм гардид. https://tajikpress.com/2024/11/30/%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%81%d0%b0%d0%b4%d1%80%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d0%b4%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b8%d0%b8-%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%bc/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев