Владимир Путин, раисҷумҳури Русия панҷ қонуни мусавваби парлумони ин кишварро барои иҷро имзо кард, ки мамнуъияти таблиғи зиндагӣ бидуни фарзанд аз ҷумлаи онҳо буд.
Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, бинобарин қонун, дар сурати тарвиҷ рафтори бидуни фарзанд (парҳез аз фарзандоварӣ) шаҳрвандон то 100 ҳазор рубл ва мақомот то 200 ҳазор рубл ҷаримаи нақдӣ мешаванд.
Ҳамчунин ашхоси ҳуқуқӣ дар сурати таблиғи “зиндагӣ бидуни фарзанд” то як миллион рубл ё таълиқи идории фаъолиятҳо то 90 рӯз ҷарима хоҳанд шуд.
Бар асоси ин қонун, агар идаи худдорӣ аз бачадор шудан аз тариқи интернит, расонаҳо ё таблиғоте, ки кӯдаконро ҳадаф қарор медиҳад, тарвиҷ шавад, муҷозот шадидтар мешавад. Ҳаддиаксари ҷарима агар ҳар ду шароит ҳамзамон бошад, барои шаҳрвандон 400 ҳазор рубл, барои мақомот 800 ҳазор рубл ва барои ашхоси ҳуқуқӣ панҷ миллион рубл хоҳад буд.
Ин қонун пеш аз ин ба иттифоқ раъйҳо дар Думаии давлатӣ ва Шӯрои федератсияи Русия тасвиб шуда буд.
Пеш аз ин, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия гуфта буд: беҳбуди тарбияти кӯдакон ва навҷавонон бо рӯҳияи эътиқод ба арзишҳои суннатии хонавода зарурӣ аст ва талош барои тасбити арзишҳо бояд доиман дар маркази таваҷҷуҳи ҳокимият ва ниҳодҳои омӯзишӣ бошад. https://tajikpress.com/2024/11/25/%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%82%d0%b0%d0%b1%d0%bb%d0%b8%d2%93%d0%b8-%d0%b7%d0%b8%d0%bd%d0%b4%d0%b0%d0%b3%d3%a3-%d0%b1%d0%b8%d0%b4%d1%83%d0%bd%d0%b8-%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%b7/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев