Камчинӣ ва якбора боло рафтани арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон нигаронии сокинон ва ронандагонро ба бор овардааст.
Ду ҳафта пеш нархи як литр гази моеъ то 7 сомонӣ буд. Ҳоло дар пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он аз 7 сомониву 80 дирам то 8 сомониву 20 дирам расидааст.
Ҳоҷӣ Абдуллоҳ, ронандаи 78-солаи таксӣ дар масири Душанбе-Ҳисор, мегӯяд, болоравии арзиши газ на ба манфиати онҳост, на мардум.
Вай гуфт:
“Ба 8 сомонӣ газ мехарам. Даҳ литри он ба 60 километр мерасад. Фоида намебинам”.
Муъмин Раҳмонов, ронандаи дигари таксӣ дар ин масир, мегӯяд, ҳарчанд арзиши газ боло рафтааст, наметавонанд роҳкироро боло баранд: “Газ шаш сомонӣ буд, роҳкиро 10 сомонӣ. Ҳозир газ 8 сомонӣ шудааст, роҳкиро ҳамон. Мо зиёд карда наметавонем. Мардум шикоят мекунанд, дар мошин савор намешаванд.”
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз шарҳи сабабҳои камчинӣ ва гароншавии гази моеъ худдорӣ карданд. Аммо тоҷирони сӯзишворӣ дар суҳбатҳои бидуни навор сабаб пеш меоварданд, ки воридоти гази моеъ аз Қазоқистон маҳдуд шудааст.
Як намояндаи дафтари матбуоти Вазорати энергетика дар суҳбати телефонӣ рӯзи 20-уми ноябр сабаби камчинӣ ва боло рафтани арзиши газро ба гарон шудани арзиши он дар Қазоқистон вобаста донист. Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Тенгизшевройл”-и Қазоқистон арзиши як тонна гази моеъро аз 470 доллари пешина ба 520 доллар расондааст. https://tajikpress.com/2024/11/24/%d1%88%d0%b8%d0%ba%d0%be%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d1%81%d0%be%d0%ba%d0%b8%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d0%b2%d0%b0-%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b0%d0%b3%d0%be%d0%bd-%d0%b0%d0%b7-%d0%b1%d0%be%d0%bb%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев