Рӯзи парчами миллӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон таҷлил мешавад, ин ҷашн дар маркази маъмурии вилояти Суғд бо раҳпаймоии оммавӣ доир гардид.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд раҳпаймоии идона баргузор шуд.
Ҳазорон нафар донишҷӯён, омӯзгорони донишгоҳҳо ва ходимони давлатӣ барои ширкат дар ин чорабинӣ ба хиёбони Раҳмон Набиев баромаданд.
Ҳар як иштирокчӣ дар даст парчамҳои хурду калон дошта, дар бораи рамзи се ранги миллӣ ҳамчун рукни давлатдорӣ бо шодӣ шиор мезаданд.
Раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, парчам на танҳо яке аз рукнҳои давлатдорӣ, балки таҷассумгари ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҳар як шаҳрванди бошуури кишвар аст.
Нуралӣ Шукуров иброз дошт: “Омили муҳими муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки парчам рамзи таърих, инъикоси фарҳангу тамаддуни мардум аст”.
Вай афзуд, сокинони Тоҷикистон парчамро аз ниёгони худ мерос гирифтаанд ва пайдоиши он таърихи хеле қадим дорад. https://tajikpress.com/2024/11/24/%d1%82%d0%b0%d2%b7%d0%bb%d0%b8%d0%bb%d0%b8-%d1%80%d3%af%d0%b7%d0%b8-%d0%bf%d0%b0%d1%80%d1%87%d0%b0%d0%bc%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%bb%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%85%d1%83%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b4/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев