Дар ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Олмон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, чашмандози густариши бештари равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.
Дар ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатики Тоҷикистон ва Олмон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, чашмандози густариши бештари равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.
Ройзаниҳои сиёси вазоратхонаҳои умур хориҷа Тоҷикистон ва Олмон дар шаҳр душанбе баргузор шуд. Раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин музокираҳоро Исматулло Насриддин, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҷониби олмониро Кунрод Ортез Фун Строусенберг, комиссари вазорати умури хориҷаи Олмон дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқӣ бар ӯҳда доштанд.
Тай ин музокирот, ду ҷониб дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози густариши бештари равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, санъатӣ, муҳоҷират, омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баҳс ва табодули назар карданд.
Ду тараф бо ризоят аз сатҳи кунунии равобит, бар тамоюли худ барои тақвият ва густариши ҳар чӣ бештари равобити чандҷониба ва иҷрои барномаҳо ва проектҳои муштарак таъкид карданд.
Дар бахши дигари ин музокираҳо ҳамчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор гирифт. https://tajikpress.com/2024/11/23/%d0%b4%d1%83%d1%88%d0%b0%d0%bd%d0%b1%d0%b5-%d0%bc%d0%b8%d0%b7%d0%b1%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%80%d0%be%d0%b9%d0%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%81%d0%b8%d1%91%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d0%b2%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев