Ҳукми Девони байналмилалии кайфарӣ дар бораи ду мақоми режими саҳюнистӣ, ҳам барои ин ду мақом ва ҳам барои худи ин режим паёмадҳое дорад.
Ҳукми Девони байналмилалии кайфарӣ алайҳи ду мақоми аршади режими саҳюнистӣ фаротар аз паёмадҳое, ки алайҳи ин ду мақом дорад барои худи ин режим ҳам паёмадҳое хоҳад дошт.
Девони байналмилалии кайфарӣ рӯз панҷшанбе барои Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Юо Галант, вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ ба далели иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғазза қарори боздошт содир кард.
Девони Гаага эълон кард, ки «далелҳои мустаҳкам» ёфтааст, ки Нетаняҳу ва Галант масъули ҷурмҳое монанди истифода аз гуруснагӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ ва «куштор ва дигар иқдомоти зиддонсонӣ» аст.
Судур ин қарорҳои боздошт метавонад сафарҳои байналмилалии Нетаняҳу ва Галантро бо мушкил мувоҷеҳ кунад, зеро ҳатто сарони бархе аз кишварҳои аврупоӣ ҳам рӯзи панҷшанбе гуфтанд, ки ба тааҳҳудҳояшон ба унвони узви ин додгоҳ пойбанд ҳастанд.
Дар ин гузориш ба муҳимтарин нуктаҳо дар бораи ин ҳукм пардохта шудааст. https://tajikpress.com/2024/11/23/%d2%b3%d1%83%d0%ba%d0%bc%d0%b8-%d0%b3%d0%b0%d0%b0%d0%b3%d0%b0-%d1%87%d3%a3-%d0%bf%d0%b0%d1%91%d0%bc%d0%b0%d0%b4%d2%b3%d0%be%d0%b5-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев