Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти нахуствазир ва вазири собиқи ҷанги режими саҳюнистиро ба иттиҳоми "анҷоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғазза" содир кард.
Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзи панҷшанбе Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Гаага ҳукми боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Ёав Галант, вазири собиқи дифои режими саҳюнистиро ба далели “анҷоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғазза” содир кард.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ бар ин назар аст, ки далелҳои қобили мулоҳизае вуҷуд доранд, ки Нетаняҳу ва Галант ҷиноят содир кардаанд. Додгоҳ эълон кард, ки пазириши Исроил аз салоҳияти додгоҳ нолозим аст.
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ бо таъкид бар он, ки ҷиноятҳои марбут ба Нетаняҳу ва Галант аз гуруснагӣ ба унвони силоҳ иборат аст, афзуд: Ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи Нетаняҳу ва Галлант куштор, шиканҷа ва дигар аъмоли ғайриинсониро дар бар мегирад.
Пас аз судури ҳукми боздошти сарвазир ва вазири ҷанги Исроил аз сӯи Гаага мақомоти аршади ин режим дарҳол мавқеъҳои худро эълом карданд, дар ҳоле ҳимоят аз Нетаняҳу ва Галантро бо як оҳанги таҳдид тақозо карданд, ки Тел-Авив алайҳи ин додгоҳ, қозиҳо ва омилҳои муассир барои содир кардани ҳукмҳои байнулмилалӣ алайҳи мақомоти баландпояи саҳюнистӣ иқдомоте анҷом диҳад. https://tajikpress.com/2024/11/22/%d0%b4%d0%be%d0%b4%d0%b3%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d0%b3%d0%b0%d0%b0%d0%b3%d0%b0-%d2%b3%d1%83%d0%ba%d0%bc%d0%b8-%d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%b4%d0%be%d1%88%d1%82%d0%b8-%d0%bd%d0%b5%d1%82%d0%b0%d0%bd%d1%8f%d2%b3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев