мушкили бузурги Пентагон
Шумори зиёди худкушии неруҳои артиши Иёлоти Муттаҳида ва раванди рӯ ба афзоиши он ба мушкили муҳими ин кишвар табдил шудааст ба тавре, ки вазири дифои Амрико муқобила бо ин масаъларо ҷузъи авлавиятҳои асосии Пентагон баршумурдааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, худкушӣ дар артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2023 раванди афзоишӣ доштааст. Пентагон дар соли 2023, теъдоди 523 маврид худкушӣ гузориш дод ин дар ҳоле аст, ки ин омор дар соли 2022, 493 нафар будааст. Теъдоди неруҳои фаъоле, ки бар асари худкушӣ ҷони худро аз даст додаанд аз 331 ба 363 афзоиш ёфтааст.
Дар ҳоле шумори сарбозони фаъол ва захираи артиш, ки даст ба худкушӣ задаанд, рӯ ба афзоиш будааст, ки Пентагон иқдомоти мухталиферо барои беҳбуди саломати равони неруҳои худ ва ҳамчунин бештар кардани таълимоти лозим дар заминаҳои мухталифи ҳифзи именӣ аз ҷумла навъи нигаҳдории таслиҳот анҷом додааст.
Вазири дифои Иёлот Муттаҳида, Лойд Остин дар баёнияе бо ишора ба омори худкушии неруҳои артиши Амрико бар зарурати дубаробар кардани иқдомоти вазорати дифоъ дар заминаи пешгирӣ аз худкушӣ таъкид кардааст.
Остин ҳамчунин афзуд, ки Пентагон дар талош барои иҷрои иқдомоти фавритар аст; аммо ҳамчунон корҳои бештаре барои анҷом додан вуҷуд дорад. Остин пайгирии ин масаъларо авлавияти вазоратхонаи худ зикр кардааст. https://tajikpress.com/2024/11/21/%d1%85%d1%83%d0%b4%d0%ba%d1%83%d1%88%d0%b8%d0%b8-%d0%bd%d0%b5%d1%80%d1%83%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be%d3%a3-%d0%bc%d1%83%d1%88%d0%ba%d0%b8%d0%bb%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев