Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кард, ки ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон дар як соли ахир дастикам 212 корманди тиббиро ба шаҳодат расондааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки аз замони авҷ гирифтани танишҳо дар Осиёи Ғарбӣ дар моҳи октябри соли 2023 дастикам 212 корманди тиббӣ кушта шудаанд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кард, ки аз моҳи октябри соли 2023 беш аз 136 ҳамла ба муассисаҳои тиббӣ ва биноҳо сурат гирифтааст, ки бар асари он дастикам 212 корманди соҳаи тиб кушта шудаанд.
Тибқи омори ин созмон, танҳо ҳафтаи гузашта дар ҳамлаҳои Исроил 70 корманди тиббӣ ба шаҳодат расидаанд.
Ҳамлаҳои Исроил инчунин боиси баста ва ғайрифаъол шудани ҳадди аққал 21 маркази тиббӣ шуданд, ки 13% тамоми беморхонаҳо ва марказҳои тиббиро дар бар мегиранд.
Режими саҳюнистӣ аз оғози ҷанги Ғазза ҳамлаҳо алайҳи манотиқи ҷануби Лубнон ва Сурияро низ анҷом додааст, аммо аз сентябри соли 2024 артиши Исроил ба баҳонаи таъмини амният дар ҷануби Лубнон амалиёти худро дар манотиқи шиъаниши Лубнон ташдид кардааст. https://tajikpress.com/2024/11/19/%d1%88%d0%b0%d1%85%d0%be%d0%b4%d0%b0%d1%82%d0%b8-212-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80-%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%b8%d0%b1-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bb%d1%83%d0%b1/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев