Доналд Трамп, раисҷумҳури нави Амрико, ба Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, ки набояд ҷангро дар Украина ташдид кунад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури нави Амрико, ба Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, ки набояд ҷангро дар Украина ташдид кунад.
Нашрияи “Вашингтон Пост” (The Washington Post) рӯзи 10-уми ноябр бо такя ба манобеи наздик ба Трамп навиштааст, ки гуфтугӯи ӯ бо Путин рӯзи 7-уми ноябр сурат гирифтааст.
Трамп инчунин пас аз пирӯзӣ дар интихоботи панҷуми ноябр бо президенти Украина Владимир Зеленский суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба гузориши “Вашингтон Пост”, Трамп ба Путин гуфтааст, ки мехоҳад бо ӯ бештар дар бораи “ба зудӣ хотима ёфтани низоъ дар Украина” суҳбат кунад. Гуфта мешавад, ки Путин ба президенти интихобшудаи Амрико посухи сард додааст.
Манобеи расмии Амрико ва Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ гуфта буд, ки агар раисҷумҳури Амрико шавад, ҳарчи зуд ба ҷанг дар Украина хотима хоҳад дод, аммо ҷузъиёте надод. https://tajikpress.com/2024/11/11/%d0%b4%d0%b0%d1%80%d1%85%d0%be%d1%81%d1%82%d0%b8-%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%bc%d0%bf-%d0%b0%d0%b7-%d0%bf%d1%83%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев