Сиёсатҳои ғайри қобили пешбини Доналд Трамп мумкин аст ҳам дар арсаи дохилии ИМА ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ бесуботие бештаре эҷод кунад.
Сиёсатҳои ғайри қобили пешбинӣ ва ағлаб шахсигароёнаи Доналд Трамп мумкин аст ҳам дар арсаи дохилии ИМА ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ бесуботие бештаре эҷод кунад. Сиёсати хориҷии Трамп эҳтимолан бар таҳдиди манофеи Иттиҳоди Аврупо, ташдиди рақобат бо Чин ва коҳиши ҳимоятҳо аз Украина мутамаркиз хоҳад шуд. Дар арсаи дохилӣ, идомаи сиёсатҳои тафрақаафканона ва талош барои тамаркузи қудрат, ҷомеаи Амрикоро беш аз пеш дуқутбӣ карда ва зерсохтҳои демократик онро тазъиф хоҳад кард.
Давраи нахусти раёсатҷмҳурии Доналд Трамп барои бисёре таҷрибаи сахт, ноумедкунанда ва ҳатто нигаронкунанда буд ва шояд ҳамин масъала боис шуд, ки ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии сол 2020 шикаст бихӯрад. Ҳоло , ки ӯ ба қудрат бозгаштааст, интизор меравад, ки кишвар бо чолишҳо ва печидагиҳои ҷадиде рӯбарӯ шавад. Дар идома ба даҳ паёмади эҳтимолии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар соли 2024 ва пирӯзии Трамп нигоҳе меандозем.
1- Сиёсати Амрико ҳамчунон гиҷкунанда ва мубҳам хоҳад буд
Сиёсати Амрико ҳанӯз ҳам барои бисёре ба шакли муаммои печида ва гиҷкунанда боқӣ мондааст. Бисёре аз боварҳои умумӣ дар мавриди низоми интихоботи Амрико нодуруст натиҷа дод ва пешбиниҳо маъмулан ғалат пеш мераванд. Назарсанҷиҳо ғайри қобили эътимод шудаанд ва иддаҳое, ки дар бораи асарбахшии «кори майдонӣ» вуҷуд дошт, дигар сеҳат надоранд. Нухбагони сиёсӣ ҳамчунон аз умқи хашм ва норизоятии мардуми оддӣ ғофиланд. Ҳарчанд коршиносон дар пайи таҳлил ва тафсири ин иттифоқҳо хоҳанд буд, ба назар мерасад дарк ва фаҳми комиле аз умқи мушкилот нахоҳанд дошт. https://tajikpress.com/2024/11/11/%d0%bf%d0%b0%d1%91%d0%bc%d0%b0%d0%b4%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%b3%d0%b0%d1%88%d1%82%d0%b8-%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%bc%d0%bf-%d0%b1%d0%b0-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d0%bd%d0%b0%d0%b8-%d2%9b%d1%83/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев