Созмони радио ва телевизиони режими Исроил эълом кард, ки Нетаняҳу дар ҷаласаи имрӯзи кобинаи давлат, масъулияти таркиши пейҷерҳои Ҳизбуллоҳи Лубнонро бар уҳда гирифтааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Нетаняҳу дар ин ҷаласа гуфтааст, ки ба ҳушдорҳои Вашингтон дар бораи ин ки мухолифи ин амалиёт аст гуш надодааст.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки амалиёти таркиши пейҷерҳо ва террори Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо вуҷуди мухолифати масъулони аршади вазорати ҷанг анҷом гирифтааст.
Нетаняҳу ҳамчунин гуфт бархе вазирони исроилӣ бо тасмимоти ӯ аз ҷумла террори Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва ҳамлаи заминӣ ба Рафаҳ мухолиф будаанд.
Ҳамлаи пейҷерӣ ва ҳадаф қарор додани шумори зиёде аз ғайринизомиён дар Лубнон ба далели инфиҷори дастгоҳҳои иртиботӣ (пейҷер), ҳарчанд режими Исроил дар ин ҷиноят даст доштааст, бо вуҷуди пофишорӣ ба идомаи сиёсати дурӯғ ва пинҳонкорӣ, ин режим дигар инкор карда натавонист ва дар нихоят ба ин чиноят эътироф кард. https://tajikpress.com/2024/11/11/%d0%bd%d0%b5%d1%82%d0%b0%d0%bd%d1%8f%d2%b3%d1%83-%d0%bc%d0%b0%d1%81%d1%8a%d1%83%d0%bb%d0%b8%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d1%82%d0%b5%d1%80%d1%80%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d1%81%d1%80%d1%83%d0%bb%d0%bb/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев