Ҳамоиш, ки раҳбарони кишварҳои арабию исломиро гирди ҳам меорад, ба баррасии масоили муҳими сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар минтақа бахшида шудааст.
Ба гузориши манбаъ:
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ҳадафи сафар иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ мебошад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кишвардорро раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазири, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар президентро ёрдамчияш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамоиш, ки раҳбарони кишварҳои арабию исломиро гирди ҳам меорад, ба баррасии масоили муҳими сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар минтақа бахшида шудааст.
Қарор аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар он суханронӣ ва доир ба масоили байналмилал, махсусан ховари миёна изҳори назар кунад. https://tajikpress.com/2024/11/11/%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d1%8d%d0%bc%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bb%d3%a3-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев