Раиси ҷумҳури Туркия аз ҷаҳони Ислом хост алайҳи наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза бо якдигар муттаҳид шаванд.
Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисҷумҳури Туркия имрӯз душанбе бар зарурати ҳаётии каноргузоштани ихтилофот ва муттаҳид шудани ҷаҳони Ислом дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва Лубнон алайҳи таҷовузоти режими саҳюнистӣ таъкид кард.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, тайи суханоне дар ифтитоҳияи чиҳилумин нишасти вазирони кумитаи доимии ҳамкориҳои иқтисодии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC) дар Истамбул гуфт, ки яке аз ваҳшиёнатарин наслкушиҳои қарн дар Ғазза дар ҳоли вуқӯъ аст.
Раисҷумҳури Туркия бар аҳамияти канор гузоштани ихтилофот дар ҷаҳони Ислом ва ҳимоят аз мардуми Фаластин ва Лубнон таъкид кард.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, афзуд, ки яке аз беҳтарин посухҳо ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва Лубнон ин аст, ки кишварҳои бештаре, кишвари Фаластинро ба расмият бишносанд.
Раисҷумҳури Туркия ҳамчунин изҳор кард: Имрӯз бори дигар ба бародарон ва хоҳарони фаластинии худ дуруд мефиристам, ки бо вуҷуди ҳар гуна маҳрумият, имконнопазирӣ ва маҳҷурият, бо қотеъият истодаанд ва ба қимати ҷони худ аз сарзамини худ дифоъ мекунанд.
Вай дар идома гуфт, ки Туркия бо ҳимояти Миср беш аз 85 ҳазор тон кумаки башардӯстона ба Ғазза расондааст.
Туркия ахиран ба ҳамроҳи 53 кишвар ва ниҳоди дигар, номаи муштарак ба Шӯрои Амнияит Созмони Милали Муттаҳид ирсол кард ва хостори таваққуфи ирсоли силоҳ ва муҳиммот ба режими Исроил шуд. https://tajikpress.com/2024/11/06/%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d0%bc-%d1%8d%d1%80%d0%b4%d1%83%d2%93%d0%be%d0%bd-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев