Маҷаллаи бритониёии “Гордиян”, дар гузорише нашр кард, ки бахши ҷанубии хатти ҷабҳаи Украина дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад.
Ба гузориши хабаргузории маҷаллаи бритониёии “Гордиян” дар гузорише дар бораи вазъи кунунии ҷанг дар Украина навиштааст, ки воҳидҳои артиши Русия аз соли 2022 ба ин сӯ бо сареътарин суръат пеш мераванд ва бахши ҷанубии хатти ҷабҳаи Украина дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад.
Ба навиштаи маҷаллаи бритониёии Гордиян, дар моҳи октябр артиши Русия беш аз 500 километри мураббаъро ишғол кард, ки бештари он дар Ҷумҳурии мардумии Донетск воқеъ аст. Ва артиши Русия низ дар вилояти Копянск наздик ба 40 километр пеш рафтааст.
Андрей Басдин, шаҳрдори низомии Копянск, вазъро “буҳронӣ” унвон кард ва гуфт, наздик ба 1400 нафар аз тахлияи манзилҳои худ сарпечӣ мекунанд ва мунтазири омадани артиши Русия ҳастанд.
Дар идома маҷаллаи бритониёии Гордиян, таъкид кардааст, ки аз аввали моҳи октябр вазъ дар Копянск барои нерӯҳои Украина ба таври қобили мулоҳизае бадтар шудааст.
Дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Гордиян” артиши Украина эълом кард, ки шумори нерӯҳои Русия аз лиҳози тӯпхона, таҷҳизоти низомӣ ва нерӯи низомӣ аз нерӯҳои онҳо бештар аст. https://tajikpress.com/2024/11/04/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d0%b3%d0%be%d1%80%d0%b4%d0%b8%d1%8f%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев