Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 13 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст.
Бар асоси додаҳои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлия дар вилояти Хатлон, дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 13 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст. Ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ назар ба ҳамин давраи соли 2023 афзоиш ёфтааст.
Бар асоси додаҳои ин ниҳод дар вилояти Хатлон, никоҳ давоми сол бо шаҳрвандони хориҷӣ назар ба нуҳ моҳи соли 2023 зиёд шуд.
«Дар нуҳ моҳи соли 2023-ум ҳамагӣ 9 аҳдномаи ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд. Давоми соли ҷорӣ ин шумора ба 13 ҳолат афзоиш ёфтааст»,-иттилоъ дод манбаъ.
Ба иттилои масъулин дар ин давра шаҳрвандони кишвари мо бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 5 ҳолати бастани аҳдномаи никоҳ, Федератсияи Руссия 2, Ҷумҳурии исломии Афғонистон 2 ақди никоҳ ва кишварҳои Украина, Қазоқистон, Доғистон ва Туркманистон як ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1