Дар як соли гузашта режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣ 814 масҷиди Навори Ғаззаро тахриб кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, бар асоси омори мунташиршуда дар як соли гузашта, режими ишғолгар ва кӯдаккуши Қудс беш аз 814 масҷиди Навори Ғазза ва ҳар се калисои ин минтақаро тахриб ва 238 корманди вазорати умури мазҳабии Ғаззаро ба шаҳодат расондааст.
Аз оғози ҷангл дар Навори Ғазза нерӯҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аз 1245 масҷиди Навори Ғазза ҳудуди 814 масҷидро тахриб карданд ва 148 масҷиди дигар қисман осеб дидаанд. Вазорати динии Ғазза гуфтааст, ки ҳар се калисо дар ин минтақа комилан тахриб шудаанд ва аз байн рафтаанд.
Танҳо дар як маврид, дар ҳамлаи ҳавоии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба масҷиде шаҳри Дайрул-Балаъ дар маркази Навори Ғазза дастикам 20 нафар кушта ва ҳудуди 100 нафар маҷрӯҳ шуданд. Артиши режими палид ва ҷинояткори Исроил ин ҳамларо таъйид кард ва иддао кард, ки Ҳамос масҷид ва мактаби наздики онро ҳамчун як қароргоҳ истифода мекунад, ки ин худ як иттиҳом ба Ҳамос будааст.
Артиши ҷинояткор ва ишғолгари режими палид Исроил ҳатто мурдагон ва қабристонҳоро дареғ надошт ва ба гуфтаи вазорати дини Ғазза, аз 60 қабристони таҳти парастории ин вазорат 19 қабристон ҳадафи ҳамла қарор гирифта, 8 қабристон тахриб ва 11 қабр осеб дидааст.
Тахмин меравад, ки ҳамлаҳои ҳавоии режими кӯдаккуш ва ҷинояткори Исроил тақрибан 79 дарсади тамоми мавзеъҳои мазҳабӣ дар Ғаззаро тахриб карда ва ҳудуди 350 миллион доллар хисорот ворид кардаанд.
Бар асоси ин омор, тайи як соли ахир 238 корманди вазорати динии Ғазза бар асари нерӯҳои исроилӣ шаҳид ва 19 нафари дигар боздошт шудаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев