Ҷамъе аз шахсиятҳои рус аз адён ва мазоҳиби мухталиф бо гирдиҳамоӣ дар донишгоҳи исломии Маскав ҷиноёти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Ғазза ва Лубнон ва сукути маҷомеи байналмилалӣ ва ҳимояти бечунучарои Амрикоро аз ин ҷиноёт маҳкум карданд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ин гирдиҳамоӣ, намояндагони созмонҳои динии аҳли тасаннун ва ташайюъ ва соири адён ва мазоҳиб ва шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ ва мазҳабии русӣ, иқдоми ваҳшиёнаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон ва ҷамъе аз фармондаҳони меҳвари муқовиматро ҷинояти ошкор унвон карданд.
Луиза Лианава, муовини раиси Шӯрои коршиносии фарҳангии парлумони ҷавонони вобаста ба Думаи давлатӣ дар ин гирдиҳамоӣ таъкид кард: Мавозеъи раисҷумҳури Русия ва мақомоти баландпояи кишвар дар хусуси иқдомоти зидди башарии режими ҷинояткори Исроил дар Ғазза ва Лубнон комилан шаффоф аст. Вай афзуд: Русия ҳамвора наслкушии мардуми бегуноҳ дар Фаластин ва Лубнон ва вақоеъи ахир, ки мунҷар ба террори раҳбари Ҳизбуллоҳ Сайид Ҳасан Насруллоҳ шудро ба шиддат маҳкум кардааст. Мо мӯътақидем террор ва наслкушӣ наметавонад Телавивро ба аҳдофаш бирасонад.
Сергей Бабурин, муовини пешини маҷлиси Дума ва раиси ҳизби иттиҳоди мардуми Русия низ зимни маҳкум кардани ҷинояти ахири режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ гуфт: Сайид Ҳасан Насруллоҳ тамоми зиндагии худро вақфи мубориза барои раҳоии Фаластин кард ва иҷоза надод тарҳи яҳудисозии Байтулмуқаддас ба саранҷом бирасад. Вай афзуд: Амиқтарин тасалияти худ ва мардуми Русияро ба муносибати шаҳодати ин марди осмонӣ ба мардуми Лубнон ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон нисор мекунам ва итминон дорам, ки хуни шуҳадо ва бародарам Сайид Ҳасан Насруллоҳ, яке аз бунёнҳои муқаддаси муқовимат хоҳад буд, ки ба пирӯзии ормони Фаластин мунҷар мешавад. https://tajikpress.com/2024/10/06/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%bc%d0%b0%d1%81%d0%ba%d0%b0%d0%b2-%d0%bb%d1%83%d0%b1%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев