Як узви аршади Ҳамос имрӯзи шанбе бо таърихӣ тавсиф кардани амалиёти мушакии Эрони алайҳи режими Исроил аз баёноти раҳбари Эрон дар хутбаҳои намози ҷумъа қадрдонӣ кард.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Маҳмуд Мардовӣ, узви аршади Ҳамос дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал-Ақсо гуфт, ки суханони раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва таъкид бар ҳимоят ва мавзеи қотеи Эрон дар қиболи миллати Фаластин ва Лубнон ва муқовимат дар баробари ишғолгариро қадр мекунем.
Вай афзуд, ки “изҳороти гаронбаҳои раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, дилгармии талошҳои фаровон ва иқдомоти қаҳрамононаи Эрон дар ҳимоят аз ормони Фаластин аст, ки охирини он ҳамлаи мушакии бузург буд, ки умқи режими ишғолгарро дар ҳам кӯбед”.
Ин раҳбари Ҳамос бар аҳамияти ин мавозеи ҳимоятӣ ва абъоди сиёсӣ ва майдонии он таъкид кард ва гуфт, ки чунин мавозеӣ аз пойдории миллати Фаластин ва Лубнон дар муқобили таҷовузот ба вижа дар сояи фишорҳои байналмилалӣ ва ҷонибдории неруҳои шайтони бузург аз режими ишғолгар ва чашмпӯшӣ аз ҷиноятҳояш дар минтақа ҳимоят мекунад. https://tajikpress.com/2024/10/05/%d0%b2%d0%be%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81-%d0%b1%d0%b0-%d1%81%d1%83%d1%85%d0%b0%d0%bd%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%80%d3%af%d0%b7%d0%b8-%d0%b3%d1%83%d0%b7%d0%b0%d1%88/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев