Ба гуфтаи коршиносон омили асосии барҳам хӯрдани оилаҳо, қабл аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оила, Сабоҳати Рустам дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъкид кардааст, ки масъалаи пошхӯрии оилаҳо тайи чанд соли охир аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли равон 4408 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 962 ҳолат кам мебошад.
Ба гуфтаи вай ҳарчанд маълумоти оморӣ камшавии пош хӯрдани оилаҳоро нишон диҳад ҳам, вале ҳоло ҳам, вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Таъкид шудааст, ки вобаста ба ин ҳолат, Кумита корбарӣ мекунад ва дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати ба созиш овардани 26 оилаи ҷавоне, ки дар ҳолати пошхӯрӣ қарор дошт, муваффақ гардид.
Дар ҳамин ҳол Муъмина Шовалиева, мардумшинос, ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ қайд кардааст, ки омили асосии барҳам хӯрдани оилаҳо, қабл аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. https://tajikpress.com/2024/08/15/%d0%bd%d0%b8%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d2%9b%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%82-%d0%b0%d0%b7-%d0%bf%d0%be%d1%88%d1%85%d3%af%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%be%d0%b8%d0%bb%d0%b0%d2%b3%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев