Манобеи расонаии режими Исроил себҳи имрӯз эътироф карданд, ки расонаҳои эронӣ моро фиреб медиҳанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, матбуоти исроилӣ эълом карданд: Расонаҳои эронӣ бо ба роҳ мондани ҷанги равонӣ фиребамон доданд ва девонамон карданд.
Ин хабарҳо дар шароите нашр мешавад, ки режеми саҳюнистӣ ба далели эҳтимоли ҳамлаи талофиҷуёнаи гурӯҳҳои муқовамат дар террори ду шахсияти бузурги ҷабҳаи муқовамат дар омодабоши комил ба сар мебарад.
Аз сӯи дигар, расонаҳои саҳюнистӣ гузориш додаанд, ки чандин бемористон омодаи интиқоли беморон ба поркингҳои зерзаминӣ барои анҷоми иқдомоти дармонӣ мебошанд.
Ҳамчунин хабар мерасад, ки Вазорати беҳдошт режими саҳюнистӣ барои даргирифтани даргирӣ ва пазириши захмиҳои эҳтимолӣ ва тахлияи марокизи беҳдоштӣ дар зери оташ омода ҳастанд.
Аз сӯи дигар хабар мерасад, ки ҳамаи аркони режими саҳюнистӣ ба думболи террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва Фуод Алӣ Ашшукр, фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳ ба ҳолати омодабош даромадааст.
Ҳания бомдоди рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба маҳалли иқомати вай дар пойтахти Эрон ба шаҳодат расид.
Ашшукр низ сешанбешаб дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон ба шаҳодат расид. https://tajikpress.com/2024/08/03/%d0%bc%d0%b0%d1%82%d0%b1%d1%83%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb%d3%a3-%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%be%d0%bd%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев