Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба Теҳрон бо Масъуди Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат Масъуди Пизишкиёнро ба муносибати оғози фаъолияташон ба ҳайси президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, ба он кас хоҳони комёбиҳо шуд.
Президенти кишвар, ҳамчунин, аз Масъуди Пизишкиён даъват намуд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф биёрад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки кишварҳои мо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд ҳам густариш хоҳанд дод.
Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад. https://tajikpress.com/2024/07/30/мулоқоту-гуфтугӯи-раҳмон-бо-президен/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев