Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) – як ташаккули нирӯҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа боздошти муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимовро дар робита бо парванди Саидҷаъфар Усмонзода маҳкум ва озодии ҳуқуқшиноси маъруфро талаб кардааст.
Изҳорот рӯзи 18 июл дар саҳифаи фейсбукии ПМТ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, нашр гардид. Қаблан ин ташаккул аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ раиси ҳизби демократии Тоҷикистон бо иттиҳоми гӯё даст доштанаш дар талоши “табаддулоти давлатӣ” интиқод карда иттиҳоми додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонзодаро беасос номида буд.
Дар изҳороти ПМТ, аз ҷумла, омадааст, «Ин иттиҳом ҳеҷ асос надорад ва як баҳонаест барои холӣ кардани майдони сиёсии кишвар ва бештар зери тарс ва фишор қарор додани миллат аст”.
Дар идомаи изҳорот омадааст: “Боздошти як силсила сиёсатмадорон, аз ҷумла собиқ Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, раиси пешинаи ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, муовини аввали раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Комилзода ва дигарон, ҷомеаи тоҷик ва ПМТ-ро хеле нигарон кардааст”. https://tajikpress.com/2024/07/20/%d0%b2%d0%be%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%bf%d0%bc%d1%82-%d0%b1%d0%b0-%d0%b1%d0%be%d0%b7%d0%b4%d0%be%d1%88%d1%82%d0%b8-%d2%b3%d1%83%d2%9b%d1%83%d2%9b%d1%88%d0%b8%d0%bd%d0%be%d1%81%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев