Рӯзномаи ибрӣ забони "Haaretz" эълом кард, он чи ҷомеаи Исроил дар ҳоли ҳозир ба он ниёз дорад ин аст, ки бо вуҷуди душворӣ ва тарснокӣ бигӯяд дар 7 октябр шикаст хӯрдааст.
Рӯзномаи ибрӣ забони Haaretz навишт: Амиқтарин ихтилоф дар ҷомеаи имрӯзи Исроил баъд аз гузашти 9 моҳ аз шанбеи сиёҳ (Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо) ва наҷоти 4 гаравгон аз Ғазза, ихтилофиназар байни касоне аст, ки мутаваҷҷеҳ шудаанд мо дар ҷанг шикаст хӯрдаем ва касоне, ки наметавонанд ин амрро бипазиранд. Ихтилоф акнун байни афроде аст, ки қодир ба пазириши воқеият ҳастанд ва афроде, ки худро фиреб медиҳанд ва ба думболи пирӯзии муҳум ҳастанд.
Haaretz дар навиштаи худ ба қалами “Яир Осулин” афзуд: касоне, ки дар рӯёрӯӣ бо воқеият онгуна, ки ҳаст муваффақ шуданд, муҳиммтарин кашфро анҷом додаанд ва он ин аст, ки бархилофи тасаввурот, Исроил ва исроилиҳо барояшон ин имкон вуҷуд доштааст, ки бо вуҷуди шикаст дар ҷанг ба бақои худ идома диҳанд. https://tajikpress.com/2024/07/16/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев