Нишасти сарони НАТО пас аз ду рӯз дар Вашингтон ба кори худ поён дод ва аъзо бо эъломи кумаки 40 миллиард долларӣ ба Украина дар соли оянда, бори дигар Русияро бузургтарин таҳдид барои ин эътилофи низомӣ эълом карданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, нишасти сарони НАТО пас аз 2 рӯз дар Вашингтон имрӯз ба кори худ поён дод ва аъзо дар баёнияи поёнӣ, зимни ин ки Русияро бузургтарин таҳдиди ин эътилоф эълом карданд, аммо хостори ҳифзи каналҳои иртиботӣ бо Маскав барои муқобила бо афзоиш таниш шуданд.
Дар ин баёния омадааст: “НАТО омодаи ироаи кумаки низомии ҳадди ақал 40 миллиард долларӣ дар соли оянда ба Украина мебошад… НАТО аз масири баргаштнопазир ба сӯи идғоми Украина дар ҷомеаи Юру-Атлантик , аз ҷумла узвият дар НАТО ҳимоят мекунад”.
НАТО ҳамчунин эълом кард, ки қасд дорад дафтаре барои ҳамоҳангии ироаи таслеҳоти низомӣ ва омӯзиш барои неруҳои украинӣ доир кунад. https://tajikpress.com/2024/07/11/%d0%b1%d0%b0%d1%91%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d0%b8-%d0%bf%d0%be%d1%91%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d1%82%d0%be-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%b1%d1%83%d0%b7/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев