Имрӯз дар маҳалли Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе ҳамоиши маҳофили касбу кори Тоҷикистон ва Туркманистон ва ҳамчунин намоишгоҳи ҳунарҳои дастии ду кишвар баргузор мешавад.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, имрӯз дар маҳалли Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе ҳамоиши маҳофили касбу кори Тоҷикистон ва Туркманистон ва намоишгоҳ ҳунарҳои дастии мардумИ ду кишвар барпо мешавад.
Дар маросими ифтитоҳияи ин рӯйдод муовини нахуст вазири кишвар ва муовини нахуст вазири кишвари Туркманистон ширкат ва суханронӣ мекунанд.
Дар нимаи дувуми ин рӯз, дидорҳои сохторҳои тиҷории ду кишвар баргузор ва меҳмонони Туркаман аз минтақаи озоди ҳунарҳои шаҳри Душанбе боздид мекунанд.
Дар поёни ин ҳамоиши тиҷорӣ имзои ёддошти тафоҳум ва тавофуқот дар заминаҳои мухталифе аз ҷумла газ ва энергия, санъат, кишоварзӣ, гардишгарӣ, техникӣ байни ду тараф, барнома резӣ шудааст.
Гуфтнӣ аст, ки ин ҳамоиш қарор буд як моҳ қабл дар остонаи сафари Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон баргузор мешуд, аммо ба иллати даргузашти модарбузӯрги Сардор Бердимуҳаммадов, ҳам сафари вай ва ҳам баргузории ҳамоиш ва соири рӯйдодҳои дуҷониба бекор карда шуд. https://tajikpress.com/2023/05/08/%d0%b4%d1%83%d1%88%d0%b0%d0%bd%d0%b1%d0%b5-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%82%d1%83%d1%80%d0%ba%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев